Бозгашти беш аз 90 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон тавассути парвозҳои чартерӣ

© Sputnik / Марина Лысцева / Гузариш ба медиабонкСамолет, на фоне заката
Самолет, на фоне заката - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муҳоҷирони меҳнатӣ то ҳол ба Русия алоқамандии зиёд доранд. Аксари муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ барои пайдо кардани кор маҳз Русияро интихоб мекунанд

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Беш аз 90 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон тавассути парвозҳои чартерӣ ба Ватан баргаштанд, иттилоъ додааст хабаргузории “Авеста” дар истинод ба Аслишо Нодиршоева, роҳбари Идораи муҳоҷирати меҳнатии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.

Монеты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Зарар аз муҳоҷират то туризм: Тоҷикистон соли 2021 - ро чӣ гуна пешвоз мегирад

Вай таъкид доштааст, ки миёни нафароне, ки ба Тоҷикистон баргаштанд 74 171 мард, боқимонда 16 162 нафарро занҳо ташкил додааст.

“Ҳамасола аз кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ наздик ба 500 ҳазор нафар меравад. Дар соли 2020 ба Русия 129 ҳазор нафар сафар кард, ки миёни онҳо 112 927 мард, боқимондаро 16 880  занҳо ташкил медиҳанд”, - гуфт Нодиршоев.

Ба гуфтаи вай Русия то ҳол барои муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ, ки мехоҳанд кор пайдо кунанд, шавқовар аст.

“То 90 дарсади муҳоҷирони меҳнатии мо ба Русия мераванд. Танҳо 10 дарсади муҳоҷирон ба Қазоқистон ва дигар кишварҳо сафр мекунанд”, - таъкид кард Нодиршоев.

Вай ҳамзамон қайд кард, ки имрӯзҳо дар Тоҷикистон барои нафароне, ки ҳангоми пандемия ба Ватан баргаштанд нуқтаҳои машваратӣ фаъолият мекунад. Дар онҷо шаҳрвандон барои пайдо намудани кор метавонанд муроҷиат кунанд.

Очереди мигрантов в УФМС - Sputnik Тоҷикистон
Русия муҳлати будубоши муваққатии муҳоҷиронро то тобистон тамдид кард

Ба гуфтаи намояндаи вазорати меҳнат дар ҳоли ҳозир барои машварат ба ин нуқтаҳо беш аз 23 ҳазор нафар муроҷиат кардааст.

Ҳамчунин дар ин нуқтаҳо ҳар муҳоҷир метавонанд маълумот дар бораи иҷозаи вуруд ба Русияро доштанро дастрас намояд.

Нодиршоев таъкид дошт, ки барои таъмини кор дар дохили кишвар  шаҳрвандони Тоҷикистон авлавият доранд.

Шаҳрвандон бештар ба соҳаи сохтмон алоқамандӣ доранд.

Тибқи иттилои вазорати меҳнат, ҳоло дар Тоҷикистон 267 ширкати сохтмонӣ фаъол аст. Дар ин бахш 34 ҳазору 528 нафар шаҳрвандони кишвар кор мекунанд. Инчунин дар ин бахш беш аз 4 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ низ фаъолият мекардааст.

Лентаи хабарҳо
0