ДУШАНБЕ, 17 Декабр - Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии президент, Эмомалӣ Раҳмон дар барқияи табрикотияш ба унвони президенти Амороти Муттаҳидаи Араб 25-солагии барпо намудани робитаҳои дипломатӣ миёни ҳамро табрик кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки ҷониби Тоҷикистон аз он қаноатманд аст, ки тайи ин солҳо муносиботи дӯстиву ҳамкориҳои судманди байни кишварҳои мо марҳала ба марҳала рушд ёфта, арсаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро фаро гирифтаанд.
“Итминон дорам, ки мо бо саъю талошҳои пайгиронаи муштарак робитаҳои ҳасанаи кишварҳоямонро дар оянда низ мутобиқ бо манфиатҳои аслии мардумонамон тавсеа бахшида, мазмуну муҳтавои онҳоро боз ҳам ғанитар хоҳем гардонид”,- гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.
Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб Халифа бин Зоид Оли Наҳён низ дар навбати худ кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро табрик намуда, гуфтааст, ба ҳукумат ва мардуми дӯсти ҷумҳурии Тоҷикистон пешрафту шукуфоӣ орзу намудааст.
Сафари Ҳаҷҷи умра аз январи 2021 шурӯъ мешавад
Манбаъ мегӯяд, ҳамзамон, дар робита ба ин сана ба унвони Эмомалӣ Раҳмон аз номи ноиби президенти Амороти Муттаҳидаи Араб, сарвазири Амороти Муттаҳидаи Араб ва Ҳокими Дубай Шайх Муҳаммад ибни Рашид ал-Мактум, Валиаҳди Абу Забӣ, муовини Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Муҳаммад ибни Зоид Оли Наҳён номаҳои табрикотӣ ворид гардиданд.