Путин: сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” дар ҳоли анҷомёбист

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкВ цехе "ЭТЕРНО" ПАО "Челябинский трубопрокатный завод"
В цехе ЭТЕРНО ПАО Челябинский трубопрокатный завод - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, таъкид дошт, ки лӯлаи гази “Маҷрои шимолӣ- 2” бештар ба Аврупо ва Олмон фоида меорад

ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Сохтмони лӯлаи гази “Маҷрои шимолӣ-2” дар ҳоли анҷомёбӣ қарор дорад, гуфт Владимир Путин раисҷумҳури Русия зимни нишасти матбуотӣ бо хабарнигорони дохиливу хориҷӣ.

Ежегодная пресс-конференция президента РФ В. Путина - Sputnik Тоҷикистон
Путин: поинравии ММД Русия нисбат ба кишварҳои Аврупо ва Амрико камтар аст

Роҳбари Русия изҳори умедворӣ кард, ки сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” анҷом хоҳад ёфт.

Путин илова кард, ки мақомоти Олмон тарафдори ин лоиҳа ҳастанд, вале талош доранд ба ин ҷараён дахолат накунанд.

“Роҳбарияти сиёсии Олмон кушиш дорад ба ҷараёни сохтмони лоиҳаи “Маҷрои шимолӣ-2” дахолат накунанд, аммо онҳо бар онанд, ки сохтмони ин лоиҳа бояд анҷом ёбад”, - гуфт кишвардори Русия.  

Путин илова кард, ки лулаи газ бештар барои кишварҳои Аврупо ва Олмон суд меорад. Ин лоиҳа ба манфиати онҳост.

Сохтмони лоиҳаи русии “Маҷрои шимолӣ-2” чанд сол аст, ки идома дорад. Тибқи лоиҳа, лулаи газ аз ду хати интиқоли газ иборат будаааст. Лулаи газ зери обҳои баҳри Балтийск дар минтақаҳои иқтисодӣ ва қаламрави кишварҳои Русия, Дания, Финландия, Шветсия ва Олмон сохта мешавад.

Амрико ва Украина барои сохтмони ин лулаи газ мухолифанд. Амрико Русияро барои сохтмони ин лулаи газ таҳти таҳримҳо гузоштааст.  

Лентаи хабарҳо
0