ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Бино бар иттилои манбаъ, ин ду мард дар меҳмонхонае дар Хуҷанд қарор доштанд ва ҳамдеҳа буданд.
Дар пайи ҷанҷол марди 51-сола корди хоҷагиро гирифта, ба ҷабрдида зарба задааст.
"Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитисия марди 51-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд", - менависад ВКД Тоҷикистон.
Номбурда, санаи 15-уми декабри соли 2020, тахминан соати 20:40-дақиқа, ҳангоми дар меҳмонхонаи шаҳри Хуҷанд қарор доштанаш, бо марди 62-солаи ҳамдеҳааш ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди хоҷагӣ 1 маротиба ба қисми шикамаш задааст.
Паҳлавони шинохтаи тоҷикро дар Хуҷанд корд задаанд
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.