Кор барои адвокатҳо дар Тоҷикистон осонтар шуд: қабули ислоҳҳои нав ба қонун

© PixabayЧеловек заполняет документ
Человек заполняет документ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Адвокатҳои тоҷик метавонанд бо гумонбаршудагон ё муштариён дар асоси  ордер ва ё шаҳодатнома мулоқот кунанд, дар ҳоле ки қаблан ин иҷозати иловагиро талаб мекард

ДУШАНБЕ, 17 Декабр - Sputnik. Парлумони Тоҷикистон ба қонун "Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда" тағйирот ворид кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагони ҷумҳурӣ.

Махмадтоир Зокирзода - Sputnik Тоҷикистон
Ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид мешавад

Ба иттилои манбаъ, бар асоси ин тағйиру иловаҳо, ки имрӯз аз сӯи вакилон қабул гашт, адвокатҳо минбаъд барои мулоқот бо афроди зерҳимояашон ба гирифтани иҷозатномаи иловагӣ ниёз надоранд.

Инчунин, ҳангоми баррасии лоиҳаи мазкур парлумонҳо изҳор доштанд, ки қонун бояд дар доираи татбиқи Консепсияи сиёсати ҳуқуқии давлатӣ то соли 2028 ва Барномаи ислоҳоти судӣ ба стандартҳои эътирофшудаи байналмилалӣ наздик карда шавад.

Зимни муаррифии лоиҳаи тағйиру иловаҳо, вакили Маҷлиси намояндагон Мансур Усмонов гуфт, ин барои мукамалсозии қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Тоҷикистон ва мутобиқгардонии ин самт бо меъёрҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон таҳия шудааст.

Тағйироти нав ба қонунҳо "Дар бораи адвокатҳо ва фаъолияти адвокатӣ" ва "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" дахл доранд.

Ҳамакнун дар пайи ин тағйирот, ба адвокат иҷозат дода мешавад, ки бо гумонбаршудагон, айбдоршавандагон ва судшавандагон дар асоси ордер ва ё шаҳодатномаи адвокат мулоқот кунанд, дар ҳоле ки қаблан ин иҷозати мақомоти болоиро талаб мекард.

Эмомалӣ Раҳмон зери чанд қонуни нав имзо гузошт

Ҳамин тариқ, дар сархати якуми қисми 2 моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда” калимаҳои “ё иҷозатномаи пешбурди фаъолияти адвокатӣ” ба калимаҳои “ва шаҳодатномаи адвокатӣ” иваз карда мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0