ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Президенти Фаронса Эммануэл Макрон ба коронавирус гирифтор шуд, хабар медиҳад Қасри Елисей.
"Имрӯз ташхиси президенти ҷусмҳурӣ аз COVID-19 мусбат баромад",- гуфта мешавад дар изҳорот.
Гуфта мешавад, ки ташхис дар асоси санҷиши RTPCR гузошта шудааст, ки ҳангоми пайдоиши аломатҳои аввал гузаронида шудааст.
Табиби тоҷик гуфт, бо кадом нишонаҳо коронавирусро аз зуком фарқ кардан мумкин аст
"Мувофиқи қоидаҳои санитарие, ки барои ҳама татбиқ мешаванд, президенти ҷумҳурӣ 7 рӯз дар худҷудоӣ хоҳад монд. Ӯ фаъолияташро ба таври фосилавӣ анҷом медиҳад", - омадааст дар изҳорот.
Жерар Ларшер, раҳбари сенат гуфтааст, ки президенти Фаронса эҳтимол аз тамос бо сарвазири ин кишвар, ки ӯ низ дар худҷудоист, олуда шуда бошад.