ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Коршиносони соҳаи манзил бар онанд, ки маҳз баргашти муҳоҷирон ба ватанҳои худ боиси поин омадани иҷораи манзил дар шаҳрҳои Русия шудааст, иттилоъ додааст “Невские новости”.
Ҳамин тавр муовини раиси Ассосиатсияи миёнарав (риэлтор)-ҳои Санкт-Петербург ва вилояти Ленингради Русия, Валерий Виноградов таъкид дошт, ки пандемия ба арзиши иҷораи манзил дар минтақа таъсири назаррас гузоштааст.
Маҳз баргаштани муҳоҷирон ба ватанҳои худ боиси поин рафтани иҷораи манзил шудааст.
Коршинос гуфт, ки вазъ ба паҳншавии COVID-19 рабт дорад. Пандемия муҳоҷирони меҳнатиро тарсонд ба ҳамин хотир аксари онҳо тасмим гирифтанд ба Русия барнагарданд.
“Ин ҳама омилҳо ба бозори манзил ва инчунин тиҷорати меҳмонхонаҳо таъсири назаррас гузоштааст. Имрӯз арзиши иҷораи манзил аз 10 то 15 дарсад коҳиш ёфтааст”, - таъкид доштааст Виноградов.
Ба гуфтаи вай, ҳоло иҷорадеҳон барои иҷорагирон гузашт мекунанд, чунки ҳоло муваққатан дархости зиёд дар ин бахш ба назар намерасад.
Дар ҳамин ҳол, муовини раиси Ассосиатсия боварӣ дорад, ки ингуна вазъ дар бозори манзил то семоҳаи аввали соли оянда идома хоҳад ёфт.