ДУШАНБЕ, 16 дек – Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, туман мефарояд. Ҳарорати ҳаво шабона 4-6 дараҷа хунук ва рӯзона + 4 то +6 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9-14 дараҷа хунук ва рӯзона 3-8 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 22-29 ва дар баъзе ноҳияҳо то 37-42 дараҷа хунук ва рӯзона аз 8-13 то 15-20 дараҷа хунук мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 12-17 дараҷа хунук ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук то мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 9-14 дараҷа хунук ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад.