Даҳшат: ҷавони 23-сола аз ҳиссиёти рашки зиёд ба ҳамсараш ҳамдеҳаашро бо табар зада кушт

© Sputnik / Константин Чалабов / Гузариш ба медиабонкТопор, архивное фото
Топор, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти ҷавони 23-сола, ки дар одамкушӣ гумонбар дониста мешавад, хабар доданд

ДУШАНБЕ, 16 дек – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон кормандони милитсия зимни амалиёти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҷавони 23-солаи сокини ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карданд.

Руки в наручниках. - Sputnik Тоҷикистон
Даҳшат: дар Мастчоҳ зане бо писараш шавҳарашро кушт - шарҳи ВКД

ВУД Тоҷикистон хабар додааст, ки номбурда, санаи 9-уми декабри соли равон, аз ҳиссиёти рашки зиёд ба ҳамсараш, марди 33-солаи ҳамдеҳаашро ба воситаи телефон барои гуфтугӯ ба канори роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Оббурдон даъват намуда, бо мақсади аз ҳаёт марҳум сохтани номбурда, бо ӯ ҷангу ҷанҷол карда, бо табари дар дасташ буда, якчанд маротиба ба сари ҷабрдида задааст.

Гуфта шудааст, ки дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

“Баъдан гумонбаршаванда барои рӯйпуш намудани ҷиноят ҷасади марҳумро ба чоҳи об партофта аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст”, - таъкид доштааст дафтари матбуоти вазорати умури дохила.

Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0