Боздошти сокини Ҳисор барои фиреби соҳибкори туркӣ

Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти сокини Ҳисор хабар дод, ки дар фиреби соҳибкори туркӣ муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ 16 дек - Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, маъмурини милиса марди 32-сола,  сокини ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Ҳисорро бо гумони қаллобӣ дастгир кардаанд.

Доллары - Sputnik Тоҷикистон
Шаш ҳазор доллар гирифту ба донишгоҳ дохил накард: парвандаи як сокини шаҳри Хуҷанд

“Номбурда, санаи 16-уми марти 2019 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванди Ҷумҳурии Туркия, марди 35-сола даромада, аз ӯ ба маблағи 10 ҳазору 839 доллари амрикоӣ қолинҳои гуногуни рангаро гирифта, ба эҳтиёҷоти худ сарф намуда, то ҳол маблағашро барнагардонидааст”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Манбаъ таъкид кард, ки нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Инчунин ба идораи милисаи ноҳияи Сино ҷавони 26-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Навободи ноҳияи Рӯдакӣ аз қаллобии ду марди 32-солаи сокинони пойтахт шикоят кардааст. Ӯ изҳор доштааст, ки номбурдагон аз ӯ 2 адад автомашинаи тамғаи “Мерседес Бенс”-ро ба маблағи 187 ҳазор сомонӣ гирифта, худсарона аз қайди давлатӣ бе иҷозати соҳибмулк бароварда фурӯхтаанд ва то ҳол маблағашро барнагардонидаанд.

Лентаи хабарҳо
0