Ба ин тартиб, Иёлоти Муттаҳида мехоҳад, Туркияро барои хариди мушакҳои русии С-400 "ҷазо" диҳад.
Тибқи иттилои Вазорати молияи Амрико, маҳдудиятҳо бештар ба Котиботи саноии дифоии Туркия ва роҳбарони он, инчунин, ба се мақомдори баландпояи Туркия рабт доранд. Таҳримҳо тибқи банди 231 қонуни СAATSA “Дар бораи муқовимат ба душманони Амрико тариқи таҳримҳо” ҷорӣ карда шуданд.
Тадбирҳои Вашингтон зидди Анкара, бино ба ҳисобҳои Амрико, бояд ба иқтисоди Туркия зиён расонанд. Ба навиштаи расонаҳо, мушкилоти иқтисодии дар пайи вабои коронавирус ба миён омада, алакай рушди иқтисоди Туркия коҳиш додаанд.
Ҳанӯз миёнаҳои соли гузашта мақомоти Амрико гуфта буданд, ки харидории низоми мушакии С-400 аз сӯи Туркия барои ҳавопаймоҳои F-35-и амрикоӣ хатар эҷод мекунанд, зеро мушакҳои С-400 бо ҳавопаймоҳои F-35 мухолифат доранд.
Дар ҳамин ҳол, Котиби давлатии Амрико Майк Помпео гуфта буд, ки ин чораҳо бар зидди Русия равона шуданд. Чигуна ба ин иқдмҳои Вашингтон Сергей Лавров ҷавоб дод дар навори мо бубинед.