Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Эълони омори тозаи гирифторӣ, шифо ва фавт аз COVID -19 дар Тоҷикистон

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкМедицинский работник в спецзащите в отделении реанимации и интенсивной терапии
Медицинский работник в спецзащите в отделении реанимации и интенсивной терапии - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори тозаи гирифторӣ, шифо ва фавт аз COVID -19 дар Тоҷикистонро эълом кард

ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Тоҷикистон, дар як шабонарӯзи охир дар кишвар 36 ҳодисаи нави бемории COVID-19 сабт гардида, шумораи умумии гирифторон ба  12777 нафар баробар шуд.

Духтар дар хоб. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Безурётӣ: пизишк хатари хоб бо смартфонро гуфт

Ҳамзамон, дар 24 соати охир 40 нафар аз бемории коронавирус шифо ёфта, ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Ҳамин тавр, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 12212 (95,6%) нафар баробар шуд.

Кашфиёти олимони Амрико: дар ду дақиқа коронавирус нобуд мешавад

Хушбахтона шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон касе аз коронавирус нафавтидааст. Аз аввали ҳамагирии ин беморӣ то кунун дар Тоҷикистон 88 нафар қурбони ин вабои аср шудааст.

Манбаъ мегӯяд, Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Вазорати тандурустӣ аз сокинони кишвар даъват мекунад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

Лентаи хабарҳо
0