Ҳаққи ҳалоли муштарӣ: ширкатҳои мобилӣ бақияи мегабайту дақиқаҳоро дигар “намехӯранд”?

© Foto / pixabay / FirmBeeЖенские руки с гаджетами
Женские руки с гаджетами - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон барои интиқоли бақияи мегабайту дақиқа ва смсҳо аз моҳи гузашта ба оянда чӣ кор карданд? Хадамоти зиддиинҳисорӣ як соли қабл пешниҳод карда буд

ДУШАНБЕ, 15 дек – Sputnik. Ин иқдом ахиран аз сӯи ширкати “Тисел” роҳандозӣ шуд.

Як масъули ширкат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар ҳоли ҳозир ин ширкати мобилӣ дар ду навъи тарифҳояш - “Даркор” ва “Аъло” – ин имконро фарҳам овардааст, ки мегабайтҳои интернет ва ҳам дақиқаву смсҳои боқимондаи онҳо аз моҳи гузашта ба оянда гузаронида шаванд.

“Мегабайтҳои интернетро худ ба таври автоматӣ мегузаронем. Аммо барои дақиқаву смсҳо бояд муштариён рақамчинии заруриро анҷом диҳанд. Дар ҳама ҳолат ин шарт ҳам ҳаст, ки муштариён то се рӯзи ба анҷом расидани тарифашон бояд ҳаққи хизматрасониро пешпардохт кунанд”, - гуфт ӯ.

Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон ба муштариёни худ тарифҳоеро пешниҳод мекарданд, ки ҳомили мегабайти интернет, дақиқа ва смсҳо буда, аммо ба як моҳ ё ҳафтаи муайян маҳдуд буданд ва дар ҳолати пурра истифода нашудани онҳо дар муҳлати таъйиншуда ҳама, ба истилоҳи мардум, “месӯхтанд”.

Девушка в защитной маске идет по улице - Sputnik Тоҷикистон
Даромади ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон 2,4 дарсад афзоиш ёфтааст

На ҳама тарифҳо Моҳи январи соли гузашта Абдумаҷид Муъминзод, сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон, дар нишасти матбуотии ин ниҳод гуфта буд, ки ба ширкатҳои мобилӣ пешниҳод шудааст, то мегабайту дақиқа ва смсҳои боқимондаи маштариён аз моҳи гузашта ба ояндаро нигаҳ доранд.

“Ин пешниҳод ба он хотир аст, ки муштариён пули онҳоро пардохт кардаанд, аммо онҳоро истифода бурда натавонистаанд. Дар ҳоле ки он ҳаққи ҳалоли онҳо аст ва набояд барбод шавад”, - гуфт Абдумаҷид Муъминзод.

“Тисел” ба истиқболи Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ва муштариёни худ рафта, анъанашиканӣ мекунад, аммо на дар ҳамаи тарифҳо. Масъули ширкат мегӯяд, ба далоили фаннӣ якбора тағйир додани низоми хизматрасонӣ дар тамоми таърифҳо имкон надорад.

Муовини Бег Сабур ваъда дод: барои баланд бардоштани суръати интернет чораҳо меандешем

“Ин ҳама вақт мехоҳад, аммо як кори шуданӣ аст. Ҳар ширкат талош мекунад, ки хостаҳои муштариёни худро бароварда созад ва бештари онҳоро ҷалб намояд”, - гуфт ӯ. Қариб як сол шуд... Дар ҳамин ҳол, ширкатҳои дигари мобилии Тоҷикистон мегӯянд, пешниҳоди Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистонро аз ҳар зовия ба баррасӣ гирифта, ба таври худмонӣ барои иҷро кардани он иқдом кардаанд.

Пользователь смотрит товары в интернет магазине, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Суръати интернет тезтар шудааст: Тоҷикистон дар раддабандии нави “Speedtest Global Index”

Аз ҷумла, як масъули матбуотии “Вавилон - М” мегӯяд, ин ширкат барои муштариёни худ имтиёзҳоеро пешбинӣ кардааст. “Масалан, мо бастаҳои дарозмуддат ва хеле арзонро дар ихтиёри муштариён қарор додаем, ки дар баробари тарифҳояшон аз онҳо метавонанд истифода кунанд”, - гуфт ӯ.

Хадамоти алоқа гуфт, чаро нархи интернет гарону суръаташ суст аст

Як масъули “Z-mobile”, ширкати дигари мобилии Тоҷикистон, мегӯяд, ин ширкат ҳудуди як сол ба ин сӯ ҳамчунин тариферо роҳандозӣ кардааст, ки тибқи он, бақияи тарифи моҳи гузаштаро метавон ба оянда интиқол дод. “Фақат шарт ин аст, ки муштарӣ то анҷоми муҳлати тариф ҳаққи онро пешпардохт кунад. Дар он сурат ҳар чӣ боқӣ мемонад, ба моҳи дигар мегузарад”, - гуфт ӯ.

“Фоизҳои ҳисобношуда”: зӯри Агентии зиддиинҳисорӣ ва Хадамоти алоқа ба кӣ намерасад?

Ба нафъи худу муштарӣ Дар ҳамин ҳол, дар шӯъбаи танзими соҳаи электроэнергетикии Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки пешниҳоди ин ниҳодро ширкатҳо хуб пазируфтаанд, аммо хеле кунд иҷро мекунанд.

“Пешниҳоди мо на фақат ба нафъи муштариён, балки худи ширкатҳо низ мебошад. Ҳоло ки яку дуи онҳо чунин иқдом кардааст, дигарон ҳам аз он пайравӣ хоҳанд кард, зеро бояд рақобатпазир ва ҳам наздик ба муштариёни худ бошанд. Пешниҳоди мо ҳам одилона аст, зеро муштарӣ пули бақияи тарифҳоро пардохтааст ва ҳақашро бояд гирад”, - гуфт ӯ.

Тибқи иттилои Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, дар кишвар панҷ ширкати мобилӣ - “Тисел”, “Вавилон”, “Мегафон”, “Z-mobile” ва “O Mobile” фаъолият намуда, ба ҳудуди 4, 5 миллион муштарӣ хизмат мерасонанд.

Лентаи хабарҳо
0