"Софдилона хизмат мекунем": аъзои ҳукумат дар назди Раҳмон савганд ёд карданд

Обуна шудан
Ҳукумати Тоҷикистон дар назди президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон савганд ёд карда, ваъда доданд, ки ба халқу ватани худ софдилона хизмат мекунанд

ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Имрӯз, дар Қасри миллат бо ширкати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маросими савгандёдкунии аъзои Ҳукумат баргузор гардид.

Аъзои ҳукумат бо дарки масъулият ба президенти Тоҷикистон савганд ёд карданд, ки манфиатҳои миллат ва давлатро аз ҳама боло мегузоранд, тамоми нерӯ  ва дониши худро барои рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон содиқона ва поквиҷдонона сарф менамоянд.

Ҳамчунин масъулин ваъда доданд, ки Конститутсия, қонунҳо ва амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қатъиян риоя намуда, баҳри баланд бардоштани шӯҳрати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ софдилона хизмат менамоянд.

Гуфта мешавад, ки президент аъзои Ҳукуматро барои хизмати содиқона ва софдилона ба халқу Ватан ҳидоят намуд.

Парлумон ҳайати нави ҳукуматро тасдиқ кард: Рустами Эмомалӣ Расулзодаро табрик гуфт

Ногуфта намонад, ки мутобиқи моддаи 73 Конститутсияи Тоҷикистон ва моддаи 8 Қонуни конститутсионӣ "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" аъзои Ҳукумат баъди таъин шудан ба вазифа ва тасдиқ гардидани фармон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0