ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ ин ҳодисаи мудҳиш, рӯзи 13-уми декабри соли 2020, тахминан соати 19:00 ба вуқӯъ пайвастааст.
Гуфта мешавад, дар чуқурии назди идораи шабакаи барқии шаҳраки Файзободи ноҳияи Файзобод, ҷасади ҷавонзани 24-сола, сокини ҷамоати деҳоти Д. Алиеви ҳамин ноҳия бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шуд.
Дар паи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия шавҳараш, марди 32-солаи сокини ноҳияи мазкур, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.
Роҳзании маргбор дар хонаи Камолов: ҳамлагарон дар оила хабаркаш доштаанд-видео
Бино ба гузориши манбаъ, мард 11-уми декабри соли 2020, тахминан соати 10:30-дақиқа, ҳангоми муноқишаи оилавӣ бо ҳамсараш ӯро ба назди идораи шабакаи барқии ноҳия бурда, ба чуқурӣ тела дода, баъди афтидан бо роҳи буғӣ ба ҳалокат расонидааст.
"Баъдан, ҷасадро зери хок карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.