Рӯзи 14 декабр дар ҷаҳон чӣ рух дод
Соли 1918 дар овоздиҳии интихоботи умумӣ дар Британияи Кабир аввалин маротиба занони аз 30-сола боло иштирок намуданд.
Соли 1934 дар Туркия ба занон ҳуқуқи интихоб дода шуд.
Соли 1946 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи сохтани қароргоҳи Созмон дар Ню-Йорк розигӣ дод.
Рӯзи 14 декабр дар Тоҷикистон чӣ рух дод
Соли 1930 дар ҳайати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ноҳияи Қалъаи Хумб (ҳоло Дарвоз) таъсис дода шуд.
Соли 2006 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба тақсимоту муайянкунии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид.
Соли 2006 дар шаҳри Душанбе Форуми тиҷоратии Тоҷикистону Япония баргузор гардид.
Соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомад бахшида ба муҳокимаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» суханронӣ намуданд.
Соли 2009 Вазири вақти маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов бо мақсади ба танзим даровардани таътили мактаббачагон дар мактабҳои миёнаи умумӣ ва таъмини саломатии онҳо дар бораи ба муддати 2 ҳафта дароз намудани таътили зимистона дар мактабҳои миёнаи умумӣ фармон баровард.
Соли 2015 дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ворид кардани ислоҳот ба Қонуни ҶТ «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» баррасӣ гардид.
Соли 2016 дар шаҳри Душанбе Форуми ҷавонони ҳамватани россиягӣ баргузор гардид
Ҷашнҳои рӯзи 14 декабр
Рӯзи кормандони додситонӣ.
Рӯзи табрики иштирокчиёни бартарафсозии оқибатҳои садамаи Неругоҳи атомии Чернобил.
Рӯзи 14 декабр кӣ таваллуд шуд
- Дониш (Аҳмад – Махдум ибни Носир) (1826 – 1897) – нависанда, олим, хаттот, рассом, меъмори тоҷик.
- Нуралӣ Давлат (1964)- журналист, муаррих.
- Файзулло Кароматов (1925) – доктори илми санъатшиносӣ, профессор.
- Александр Мазаев (1904-1962)- арбоби давлатӣ (1938-1960 муовини аввали Раиси ҳукумати Тоҷикистон).
- Юрий Николаев (1923 – 1977) – доктори илми таърих, профессор.
- Носир Саидӣ (1902-1980)- нависанда ва тарҷумон;
- Ғафур Хушвахтов (1939-2012) – доктори илми иқтисод, профессор.
- Анастасия Чеховская (1908 -?) – драматург.
- Бунёд Ширин (1941-2011) – Шоири халқии Тоҷикистон, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
- Муҳаммадҷон Шокиров (1948) – доктори илми тиб, профессор.
- Баҳодур Саодатшоев (1948)- журналист.
- Сайфиддин Қараев (1967)- журналист.