Рустами Эмомалӣ қарори барканории се судяи баландпояро имзо кард

Обуна шудан
Рустами Эмомалӣ қарорҳои Маҷлиси миллии Тоҷикистон барои барканории се додраси баландпояро ба имзо расонд

ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бозхонди се додрасро пешниҳод кард, ки Маҷлиси миллӣ аз он ҷонибдорӣ намуд.

Самолет, на фоне заката - Sputnik Тоҷикистон
Норозигии Рустами Эмомалӣ аз ширкатҳои ҳавоӣ ва супориш зидди монополистҳо

Бар асоси қарорҳои имзокардаи Рустами Эмомалӣ,  Додихудозода Давлатмо Бахтибек бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд гардид.

Инчунин  Ҳошимзода Даврон Додоҷон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд шуд.

Раҳматуллозода Бахтулло Сунатулло низ аз вазифаи судяи Суди Олии Тоҷикистон бозхонд шуд.

Қаблан дар ҷаласаи Маҷлиси миллӣ, Зариф Ализода, намояндаи раисиҷумҳур дар парлумон далели пешниҳод барои бозхонди Раҳматуллозодаро расидан ба синни ниҳоии кор дар вазифаи судя арзёбӣ карда буд.

Афви 3 фасодкори пушаймон ва шарҳи барканории Саидзода бо фармони Эмомалӣ Раҳмон

Судяҳои додгоҳҳои олӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби раисиҷумҳур бо тасдиқи парлумон таъйину барканор мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0