ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, маросими супоридани эътимоднома ба президенти Украина, Владимир Зеленский 11 декабр баргузор шуд.
Манбаъ афзуд, ки дар баробари сафирони навтаъйини кишварҳои хориҷии дигар, Давлаталӣ Назризода Эътимодномаи худро ба раисиҷумҳури Украина Владимир Зеленский тақдим намуд.
Назризода инчунин паёму дуруд ва таманниёти неки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистонро ба Президенти Украина расонид.
"Пас аз пазируфтани эътимодномаҳо Президенти Украина, Зеленский сафиронро ба муносибати ба вазифаи нави дипломатӣ таъйин гардиданашон табрику таҳният гуфта, роҷеъ ба густариши бештари ҳамкориҳои Украина бо кишварҳои шарик, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори назар кард", - омадааст дар иттилоияи Вазорати умури хориҷӣ.
Тавсифи Зеленский аз Раҳмон: сазоворед
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон охири моҳи сентябр Холбобоев Файзулло Самадовичро бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Украина озод карда, ба ҷои ӯ Назризода Давлаталӣ Ҳайдар, сафири Тоҷикистон дар Украина таъйин шуд.