ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Бино ба гузориши Ожонсии ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида баъзан ҳолатҳо барфи суст меборад. Бод аз сӯи ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7-12 дараҷа сард ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона тағйир ёфта аз 19-24 то 28-33 дараҷа хунук ва рӯзона аз 5-10 то 11-16 дараҷа сард мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.
Ҳаво дар вилояти Суғд абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо барф меборад. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.
Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6-11 дараҷа хунук ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва барф ба амал меояд. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд.
Бод аз сӯи ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона тағйир ёфта аз 1-6 то 6-11 дараҷа хунук ва рӯзона аз 4 дараҷа сард то 1 дараҷа гарм мешавад.
Ҳушдори КҲФ: эълони ҳавои номусоид давоми чор рӯзи оянда
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо барф меборад. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.
Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа сард ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, барф меборад. Меғ мефарояд. бод аз сӯи ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 2-4 дараҷа сард ва рӯзона 0+2 дараҷа гарм мешавад.