Тағйири қонун: Эмомалӣ Раҳмон ҳаққи истифодаи бепул аз нақлиёти ҷамъиятӣ дорад

© пресс-служба президента РТБезналичная система оплаты транспорта в Душанбе
Безналичная система оплаты транспорта в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маҷлиси миллӣ тағйирот ба қонун “Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, - ро қабул кард, ки бар асоси он қаҳрамони Тоҷикистон ҳаққи истифодаи ройгон аз нақлиёти ҷамъиятиро дорад

ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Раҳмон Дилшод, раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ, оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, зимни муаррифии тағйироти мазкур гуфт, мақсади асосӣ  таъмини ҳуқуқи ройгон истифода бурдани хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ аз ҷониби шахсоне мебошад, ки бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудаанд.

Оплата проезда электронными картами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Автобусҳои Хуҷанд ба низоми пардохти электронӣ гузаштанд: усули “қадимӣ” кай нав мешавад?

“Бо ин мақсад сархати шашуми қисми 2-и моддаи 33-и Қонуни амалкунанда, ки имтиёзро нисбат ба Қаҳрамони Тоҷикистон муайян намудааст, дар таҳрири нав ифода гардида, тибқи он шахси зикршуда бо пешниҳоди шаҳодатнома барои ройгон истифода бурдан аз нақлиёти ҷамъиятӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёз дорад”, - хабар дод “Садои мардум” аз қавли Раҳмон Дилшод.

Ӯ афзуд, ки ба ҳуқуқи истифодаи ройгон хизматрасонии таксӣ шомил нест.

Ироаи ҳуқуқи истифодаи ройгон аз нақлиёти ҷамъиятӣ дар ҷумҳурӣ барои қаҳрамонҳои Тоҷикистон дар ҳолест, ки ин унвони олии давлатии ҷумҳурӣ барои хизматҳои шоиста дар назди давлат ва халқ супорида мешавад.

То ҳол ин унвонро Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва марҳумон Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, асосгузорони Тоҷикистони шӯравӣ, адибон - Мирзо Турсунзода, Садриддин  Айнӣ ва олиму сиёсатмадар Бобоҷон Ғафуров доранд.

Лентаи хабарҳо
0