Қарори Маҷлиси миллӣ барои пешбурди сомона: иттилоъ дақиқу шаффоф бошад

© PixabayПерсональный компьютер, архивное фото
Персональный компьютер, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маҷлиси миллии Тоҷикистон қарор дар бораи қоидаҳои пешбурди сомонаи палатаи болоии парлумон, тартиби ҷойгир ва нав кардани маводи иттилоотиро қабул кард

ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва узви Маҷлиси миллӣ гуфт, дар боби якуми санад мафҳумҳои асосӣ, суроғаи сомона ва пешбурди он бо се забон -  тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пешбинӣ шудаст.

Новый министр финансов РТ Каххорзода Файзиддин - Sputnik Тоҷикистон
Ширкатҳои интернетӣ андоз супоранд: қабули қонун дар Тоҷикистон

"Дар сомона ҳама гуна иттилооти пурра, дақиқ ва мубрам, бо дарназардошти талаботи Дастури Маҷлиси миллӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷойгир карда шуда, пешбурди он аз ҷониби Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ таъмин карда мешавад",-афзуд Раҳимӣ.

Ӯ тавзеҳ дод, ки боби дуюм муқарраротро дар бораи сифати маълумоти иттилоотии дар сомона ҷойгиршаванда, ки бояд шаффофияти фаъолияти Маҷлиси миллиро таъмин намояд, дар бар гирифта, боби сеюм мушаххас муҳлати пешниҳод ва баррасии иттилоотро барои ҷойгир кардан дар сомона муайян мекунад. Таъкид шуд, ки боби чорум бошад, масъалаҳои марбут ба ҷойгиркунии иттилоот дар сомонаро бо дарҷи санаи он ва баҳисобгириву нигоҳдошти минбаъдаи онро дар махзани маълумоти электронӣ пешбинӣ намудааст.

Дар пайи муаррифӣ, аъзои Маҷлиси миллӣ, қарор дар бораи Қоидаҳои пешбурди сомонаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби ҷойгир ва нав кардани маводи иттилоотиро қабул намуданд.

Лентаи хабарҳо
0