Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Шумораи гирифторони коронавирус дар Ӯзбекистон марзи 74,8 ҳазор нафарро убур кард

© Пресс-служба Минздрава УзбекистанаВ Узбекистане выздоровели еще пятеро заболевших коронавирусом
В Узбекистане выздоровели еще пятеро заболевших коронавирусом - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шабонарӯзи гузашта дар Ӯзбекистон боз 147 ҳолати ҷадиди гирифторшавии шаҳрвандон ба қайд гирифта шуд

ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Бо иловаи 147 мавориди тоза, акнун теъдоди умумии гирифторони ин дард ба 74 811 нафар баробар шуд, хабар медиҳад котиботи Вазорати тандурустии ин кишвар.

Президент Эмомали Рахмон и Рустам Эмомали на открытие дворца Кохи Вахдат в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Ҳушдори Раҳмон аз коронавирус ва дастури назорати кори тарабхонаю бозорҳо

Нахустин ҳолати сабти ин беморӣ дар Ӯзбекистон ба 15 уми март рост омада буд. Рӯзи панҷшанбеи 11 - уми декабр шумораи гирифторони коронавирус ба 74 664 нафар расид, ҳамчунин 611 нафар ҷон бохта, 71 921 нафар сиҳатӣ ёфтанд.

Манбаъ меафзояд, шабонарӯзи гузашта танҳо як мавриди фавт аз коронавирус дар қаламрави кишвар сабт гардид.

Ҳоло дар дармонгоҳҳои Ӯзбекистон дасти кам 2 115 нафар гирифторони коронавирус табобат мегиранд, ки вазъи 180 нафари онҳо вазнин буда, пизишкон аз ҳолати 34 беморон нигаронӣ мекунанд, чун вазъи саломатии онҳо бисёр ваҳим аст.

Омори охири гирифторӣ, шифо ва фавт аз коронавирус дар Тоҷикистон

Аз 15 август мақомоти кишвар ба суст кардани карантин шурӯъ карданд. Аз ҷумла, маҳдудиятҳо дар ҳаракати нақлиёт ва манъи иртиботи ҳавоии маҳаллӣ ва роҳи оҳан бекор карда шуда, нақлиёти ҷамъиятӣ ба роҳ монда шуд. Инчунин санаторияҳо, пансионатҳо, меҳмонхонаҳо, музейҳо, лагерҳои солимии кӯдакон, кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо, муассисаҳои хӯроки умумӣ дар фазои кушод аз сар гирифта шуданд.

Аз 5 сентябр театрҳо ва кинотеатрҳо боз шуданд, аттраксионҳо дар боғҳо инчунин хизматрасонии оммавӣ дар муассисаҳои динӣ низ иҷозат дода мешавад.

Вазорати беҳдошти Ӯзбекистон: аз мавҷи дуюми коронавирус роҳи гурез нест

14 сентябр дарсҳо дар мактабҳо дар шакли омехта: аз фосилавӣ ва ба тариқи суннатӣ оғоз шуданд. Аз 1 октябр сарҳадҳо барои вуруд ва баромади ҳама гуна намуди нақлиёт кушода шуданд ва туризми дохилӣ иҷозат дода мешавад.

Аз 1 декабр марказҳои бозиҳои компютерӣ кори худро дубора оғоз карданд.

Лентаи хабарҳо
0