ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Раҳимӣ зимни ҷаласаи ахири палатаи болоии парлумон гуфт, Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ пешниҳод кардаанд, ки номи деҳоти Шитхарви ноҳияи Ишкошим ба деҳоти Вахон иваз карда шавад.
“Зарурати иваз намудани номи деҳоти Шитхарв ба деҳоти Вахон, пеш аз ҳама, ҳамчун номи таърихии ҷуғрофӣ будани он, арҷгузорӣ ба таммадуни миллати куҳанбунёди тоҷик ва мутобиқатнамоӣ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад”, - шарҳ дод президенти Академияи миллии улуми Тоҷикистон.
Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори Ҳукумат аз Вахон ном гирифтани ҷамоати деҳоти Шитхарв ҷонибдорӣ карда, барои тасдиқ ба Маҷлиси миллии Тоҷикистон пешниҳод намуда буд. Маҷлиси миллӣ аз ин тағйирот ҷонибдорӣ кард.