ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Ба гуфтаи Марат Хуснуллин, ба далели хуруҷи муҳоҷирони меҳнатӣ маош дар соҳаи сохтмон боло рафт.
Ӯ таъкид намуд, ки афзоиши маоши сохтмончиён ба нархи хона низ таъсир расонд.
Мушкилоти бахши сохтмонӣ ва нархҳои соҳаро ноиби сарвазири Русия, Хуснуллин зимни мусоҳиба тариқи шабакаи телевизионии “Россия-1” баррасӣ намуд.
Ӯ афзуд, ки болоравии нархи хонаҳои истиқоматӣ дар сатҳи таваррум дар назар аст.
“Дар маҷмуъ соли 2020 нархи хона дар бозори аввалия ба андозаи 8 фоиз боло рафт”, - таъкид намуд ноиби сарвазири Русия.
Хусунуллин таъкид намуд, ки далели болоравӣ пандемия ва афзоиши маоши сохтмончиён мебошад, ки дар пайи хуруҷи муҳоҷирони меҳнатӣ сурат гирифт.
Намояндаи Ҳукумат гуфт, маоши миёна дар бахши сохтмон дар замони пандемия аз 50 ҳазор то ба 90 ҳазор сомонӣ боло рафтанд, аммо бо вуҷуди ин на ҳамеша пайдо намудани мутахассисони зарурӣ имконпазир мешавад.