Бозхонди Давлатмо Бахтибек, Ҳошимзода ва Раҳматуллозода аз вазифаи судягӣ

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкМолоток судьи
Молоток судьи - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон пешниҳоди раисиҷумҳур барои бозхонди ду судяи Суди олии ҷумҳуриро ҷонибдорӣ кард

ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Зариф Ализода, ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон дар масъалаҳои ҳуқуқӣ, намояндаи Президент дар парлумон, пешниҳодҳои раисиҷумҳурро қироат кард.

Денежные купюры и монеты разных стран, доллар - Sputnik Тоҷикистон
Аз фирори Маннонзода то ҳабси Иноятзода: парвандаи собиқ раисони ноҳияҳои Суғду Хатлон 

Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кардааст, ки Додихудозода Давлатмо Бахтибек бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд карда шавад.

Инчунин  Ҳошимзода Даврон Додоҷон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд гардид.

Раҳматуллозода Бахтулло Сунатулло низ аз вазифаи судяи Суди Олии Тоҷикистон бозхонд шуд.

Зариф Ализода далели пешниҳоди раисиҷумҳурро барои бозхони Раҳматуллозода расидан ба синни ниҳоии кор дар вазифаи судя арзёбӣ кардааст.

Маҷлиси миллии Тоҷикистон пешниҳодҳои Эмомалӣ Раҳмонро барои бозхонди додрасҳо ҷонибдорӣ карда, тасдиқ намудааст.

Лентаи хабарҳо
0