Ҷашнҳои рӯзи 9 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

© © Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария ВишняковаДень 9 декабря
День 9 декабря - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи нуҳуми декабр рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо коррупсия буда дар Танзания – рӯзи истиқлолият таҷлил мешавад

Рӯзи 9 декабр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1852 дар Торонто Биржаи фондӣ таъсис дода шуд.

День 6 декабря - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 6 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1909 клуби футболи "Баруссия" (Дортмунд) ташкил шуд.

Соли 1923 дар Иттиҳоди Шӯравӣ маҷаллаи адабии "Звезда" ("Ситора") таъсис ёфт.

Соли 1948 Ассамблеяи Генералии СММ генотсид  (қатли ом бо баҳонаҳои нажодӣ, миллӣ ва динӣ)-ро ҷиноят арзёбӣ кард.

Соли 1992 миёни  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария робитаҳои дипломатӣ барқарорр гардиданд.

Рӯзи 9 декабр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2009 дар шаҳри Душанбе дар маҷмааи давлатии "Кохи Ваҳдат» таҳти унвони "Мубориза бо коррупсия ва зиндагии ҳалолкорона-асоси таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон" конфронс баргузор гардид.

© Sputnik / Игорь ЛекаркинКультурно-развлекательный комплекс "Кохи Вахдат", архивное фото
Ҷашнҳои рӯзи 9 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон   - Sputnik Тоҷикистон
Культурно-развлекательный комплекс "Кохи Вахдат", архивное фото

Соли 2010 дар Кумитаи иҷроияи ИДМ дар шаҳри  Мински Беларус маросими ифтитоҳи чаласаи дурӯзаи Шӯрои байниҳукуматии ИДМ оид ба масъалаи   комплекси агросаноатӣ баргузор гардид.

День 5 декабря - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 5 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2014 варзишгари тоҷик Каюмарс Норов дар Ҷоми ҷаҳонии самбо байни донишҷӯён дар шаҳри Лимассоли Кипр дар рақобатҳо дар вазни 52 кило медали биринҷӣ ба даст овард.

Ин дуюмин медали варзишгарони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии самбо байни донишҷӯён дар Лимассол ба шумор меравад.

Соли 2015 Парлумони Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат"-ро қабул намуд.

Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ин қонунро таърихӣ номида, тасвибашро ба нафъи ҷомеа ва бахусус муттаҳидии сокинон донист.

© Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонМулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Раиси Маҷлиси шӯрои Давлати Қатар
Ҷашнҳои рӯзи 9 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон   - Sputnik Тоҷикистон
Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Раиси Маҷлиси шӯрои Давлати Қатар

Соли 2017 Эмомалӣ Раҳмон соҳиби Унвони олии Шаҳрванди фахрии шаҳри Аммони Шоҳигарии Ҳошимии Урдун гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 9 декабр

  • Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо коррупсия.
  • Дар Танзания – Рӯзи истиқлолият.

Рӯзи 9 декабр кӣ ба дунё омадааст

Ибодулло Абдуллоев (1918-2007) – дирижёр, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, Ходими шоистаи ҳунари ҷумҳурӣ

Рамзия Баккал (Тарсинова) (1926) – устоди рақс, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Абдуҷалил Бобоҷонов (1926)- арбоби ҷамъиятӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Ашўрмаҳмад Ғуломов (1948) – актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Леонид Зимин (1909 – 1981) – доктори илми биологӣ, профессор.

Бўрӣ Каримов (1957) – доктори илми техникӣ, профессор.

Евгений Лобенко (1939)- оҳангсоз.

Роҳила Набиева (1933)- забоншинос, Корманди шоистаи Тоҷикистон.

Манижа Раҳмонӣ (1984)- шоира.

Усмон Ҳасанов (1930)- арбоби ҳизбию давлатӣ.

Хушбахт Хушвахтов (1926-2013) – Рассоми халқии Тоҷикистон,Ходими шоистаи ҳунари ҷумҳурӣ, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ.

Лентаи хабарҳо
0