ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати фавт аз бемории коронавирус ба қайд гирифта нашуд.
Манбаъ таъкид кард, ки дар муддат 42 нафари дигар аз ин маризӣ шифо ёфта, аз беморхонаҳо мураххас шудаанд.
Теъдоди умумии гирифторшудаҳои коронавирус аз аввали хуруҷи пандемия то шоми имрӯз расман 12 ҳазору 551 нафарро ташкил медиҳад. Ба иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, то имрӯз 11 ҳазору 968 нафар шифо ёфтаанд, ки ин беш аз 95 дарсади теъдоди умумии гирифторон арзёбӣ мешавад.
Манбаъ афзуд, ки то ҳол бар асари коронавирус дар Тоҷикистон 88 нафар ҷон додаанд.
Мақомоти тандурустӣ аз шаҳрвандон даъват кардаанд, ки қоидаҳои беҳдоштиро риоя намоянду худу наздиконашонро аз ин бемории сироятӣ ҳифз кунанд.