“Як умр бо Айнӣ”: даргузашти адабиётшиноси маъруф аз “вируси корона”

© Российский центр науки и культуры г. Душанбе (РЦНК)Закия Муллоҷонова, адабиётшинос, дотсенти кафедраи адабиёти ҷаҳони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Закия Муллоҷонова, адабиётшинос, дотсенти кафедраи адабиёти ҷаҳони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Закия Муллоҷонова, адабиётшинос, номзади илми филология, дотсенти кафедраи адабиёти ҷаҳони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ҳамсари Масъуд Муллоҷонов, нависандаи маъруфи тоҷик дар синни 87 – солагӣ бо олам падруд гуфт

ДУШАНБЕ, 8 дек – Sputnik. Яке аз наздикони Закия Муллоҷонова ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, марҳум чанд рӯзи ахир аз баландии фишор ранҷ мебурд ва тасфаш поён намеомад.

“Ба эҳтимоли зиёд, он кас ба “вируси корона” гирифтор шуда буданд ва шаби гузашта ҷон ба Ҷонофарин таслим карданд”, - гуфт ӯ.

Закия Муллоҷонова 2 апрели соли 1933 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфта, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Маскав (1958) ва аспирантураи Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Академияи илмҳои Тоҷикистон (1969) мебошад.

Анвар Мирзоҳакими Олим - Sputnik Тоҷикистон
Мотам дар Иттифоқи нависандагон: Анвар Олим, муаллифи "Балогардон" даргузашт

Солҳои 1958 – 1977 дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Академияи илмҳои Тоҷикистон ба сифати ходими хурд ва ходими калони илмӣ фаъолият дошт. Солҳои 1993 – 1996 дотсенти кафедраи забонҳои русӣ ва славянӣ ва аз соли 1966 мудири кафедраи филологияи руси Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буд. Дар конфронсу симпозиумҳои минтақаиву байнулмилалӣ, пленумҳои Иттиҳоди нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ ва Тоҷикистон дар Маскаву Душанбе ширкат кардааст.

Солҳои охир Закия Муллоҷонова дар кафедраи адабиёти ҷаҳони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дарс мегуфт ва гуруҳи “Тарҷумон” – и Ҷамъияти илмии дониҷӯёни кафедраи мазкурро роҳбарӣ мекард.

Муаллифи зиёда аз 70 таълифоти илмӣ ва илмию оммавист, ки бештари онҳо ба таҳқиқи осори Садриддин Айнӣ бахшида шудаанд.

Як монографияи ӯ таҳти унвони “Услуби асл ва тарҷума” (1976) ба вижагиҳои тарҷумаи осори Айнӣ ба забони русӣ ихтисос ёфтааст.

Закия Муллоҷонова ҳамсари Масъуд Муллоҷонов, рӯзноманигор ва нависандаи маъруфи тоҷик, яке аз поягузорони маҷаллаи адабии “Помир” аст, ки соли 2015 даргузашт. Писари ӯ – Парвиз Муллоҷонов яке аз сиёсатшиносони матраҳи имрӯзи Тоҷикистон ба шумор меравад.

Лентаи хабарҳо
0