Трампи бетолеъ: вакили мудофеи раисҷумҳури Амрико ба вируси корона гирифтор шуд

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкАдвокат Дональда Трампа и бывший мэр Нью-Йорка Рудольф Джулиани
Адвокат Дональда Трампа и бывший мэр Нью-Йорка Рудольф Джулиани - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳурии Амрико аз гирифтор шудани вакили шахсиаш Рудолф Ҷулиани ба вируси корона хабар дод

ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Доналд Трамп дар Твиттер бо таъриф ва тамҷид аз Ҷулиани навишт: "Руди Ҷулиани, бузургтарин шаҳрдори Ню-Йорк сити дар таърих  ва касе, ки ба сурати хастагинопазир барои ифшои фосидтарин интихобот дар таърихи Амрико кор кардааст, ба "вируси чинӣ" гирифтор шудааст",  иттилоъ додааст радиои Садои Хуросон дар истинод ба ИРНА.

Дональд Трамп  - Sputnik Тоҷикистон
Шикастро қабул надорад: Трамп мегӯяд, ӯ дар интихобот пирӯз мешавад

Трамп пештар низ вируси коронаро вируси чинӣ хонда буд, ки ин кори ӯ хашми Пекинро барангехт.

Рудолф Ҷулиани ба унвони раиси тими вакилони интихоботии Трамп парвандаи шикояти интихоботии ӯро пеш мебурд.

Эндрию Ҷулиани, писари Рудолф Ҷулиани низ ҳудуди 20 рӯз қабл эълом кард ба Ковид-19 мубтало шудааст ва акнун эҳтимол дорад ҳамаи тими ҳуқуқии Трамп корона гирифта бошанд.

Бар асоси гузоришҳо, 2 ҳазору 254 амрикоӣ дар 24 соати гузашта бар асари Ковид-19 ҷони худро аз даст додаанд.

Амрико ҳам аз назари теъдоди афроди олуда ба вируси корона ва ҳам аз назари мизони маргу мири ноши аз ин вирус дар садри кишварҳои ҷаҳон қарор дорад.

Лентаи хабарҳо
0