ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ҳодисаи мазкур санаи 6-уми декабри соли равон, тахминан соати 20:00 рух додааст.
Манбаъ таъкид доштааст, ки кормандони милитсия муайян карданд, ки ҷавони 21 ва ноболиғи 15-солаи сокинони шаҳри Хуҷанд, дар варзишгоҳи боғи фароғатии “Ғалаба”, воқеъ дар маҳаллаи 18-уми шаҳри мазкур аз сабаби муноқишаи ба миён омада бо ду ҷавони 24-солаи сокинони ҳамин шаҳр ҷангу ҷанҷол намуда, якдигаро лату кӯб намудаанд.
“Сипас ноболиғи 15-сола бо корд 1 маротиба ба шиками ҷавони 24-сола задааст. Баъдан, шахси ба тафтишот номаълум ба ҷанҷоли онҳо ҳамроҳ шуда, бо корд ба бадани ҷавони дигари 24-сола зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст”, - таъкид доштааст манбаъ.
Манбаъ зикр намудааст, ки дар натиҷа, номбурдагон ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Боздошти ҷавондухтар барои захмӣ кардани ҷавони 21 сола дар Душанбе: ба пояш корд задааст
Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсия оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 237 қисми 3 ва қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз кардаанд.
ВУД Тоҷикистон қайд кардааст, ки ҳоло тафтишот нисбати ин ҳодиса идома дорад.