ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон аз маризии сироятии коронавирус як нафар ҷон аз даст дод. Ҳоло теъдоди умумии қурбониёни ин дард ба 88 нафар баробар шудааст.
Зимнан, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 42 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардид. Ҳамакнун теъдоди умумии гирифторони коронавирус дар мамлакат ба 12511 нафар баробар шуд.
Ҳамзамон, дар як шабонарӯзи охир 45 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон 11926 нафарро ташкил медиҳад.
Беш аз 2,5 ҳазор донишҷӯи тиб дар Белорус алайҳи коронавирус дар набарданд - навор
Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ аз тамоми сокинони кишвар даъват мекунад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти бемории мазкур пеш аз ҳама қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.