Гуфта мешавад, ки ҳарду киштӣ метавонанд “Маҷрои шимол-2”-ро созанд, чун сохтмони лӯлаи газ феълан дар марҳилаи ниҳоист.
Гази Русия ба Аврупо бо ду хат тариқи Баҳри Балтика мерасад, аз ҷумла ба Олмон ва дигар кишварҳои аврупоӣ. Аммо ин лоиҳа ба далели таҳримоти ИМА дучори мушкил шуда, иштирокдорони лоиҳа мавриди фишори таҳримҳо қарор гирифтаанд.
Гуфта мешавад, ки лӯлаи мазкур ба Вашингтон барои фурӯши гази моеъаш ба Аврупо халал мерасонад, бинобар ин сохтмони лӯларо амрикоиҳо бо фишору таҳримот қатъ карданиянд.
Мисол, сафорати ИМА дар Берлин аз ИА ва Олмон даъват кард, ки “Маҷрои шимол-2”-ро таҳрим кунанд.
Маскав ба ин даъват посух дод, ки “лӯлаи Русия, кай ва ба куҷое нараваду бар асоси кадом созишномаҳое асоснок нашавад, даҳсолаҳо вокуниши якмароми ИМА-ро дар пай дорад, - зӯроварии сиёсӣ ва мухолифати ғайриқонунӣ”.
Иштирокдорони лоиҳа инчунин таҳримоти ИМА алайҳи “Маҷрои шимол-2”-ро танқид доранд.
Аврупоиҳои қаторӣ низ амали ИМА-ро дахолат меноманд. Аз ҷумла СНХ Кристиан Эрб, сокин ва сиёсатмадори шаҳри Саснитс гуфт, ин тиҷорат аст, ки Русия ва Олмон аз он баҳраманданд.
“Дар мавриди муносиботи байналмилалӣ, ин чизи муқаррарӣ аст, ки ҳар кас мехоҳад маҳсулоти худро ба гунаи беҳтарин фурӯшад, фарқ надорад, он газ аст, нафт ё халтаи биринҷ. Бояд ба шарикон иҷозат дода шавад, ки тибқи созишҳои худ амал кунанд. Фикр мекунам, ки дахолати берунӣ, махсусан аз ҷониби ИМА ин ҷо зиёдатист”, - таъкид кард сиёсатмадор.
Дар иддаояш ИМА пайваста ҳимоят аз манофеи аврупоиро баҳона меорад ва дар зимн намегӯяд, ки гази моеъаш барои аврупоиҳо гаронтар аз гази русӣ хоҳад буд
Иштирокдорони лоиҳа муътақиданд, ки “Маҷрои шимол-2”-ро месозанд ва ҳеч гуна фишори амрикоӣ халал намерасонад.