Расонаҳо: Тоҷикистон қатли донишманди эрониро маҳкум кардааст

© APМесто гибели иранского физика-ядерщика Мохсена Фахризаде
Место гибели иранского физика-ядерщика Мохсена Фахризаде - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо судури ёддошти расмӣ, террори Муҳсини Фахризода, донишманди ҳастаӣ ва дифоии Эронро маҳкум кардааст

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон бо судури ёддоште зимни маҳкумияти ин амали террористӣ, ҳамдардии давлат ва миллати худро бо мардум ва давлати Эрон ба хотири террори Муҳсини Фахризода эълом кард, навиштааст хабаргузории Садо ва симо.

Генерал Касем Сулеймани - Sputnik Тоҷикистон
Хабари омодасозии қассоси Эрон барои қатли Сулаймонӣ ва ҳушдори Трамп

Сомонаи Парстудей хабар додааст, ки Муҳсини Фахризода, донишманди ҳастаӣ ва дифоии Эрон мебошад, ки 27 ноябр дар ҳамлаи террористӣ дар минтақаи Обисарди Дамованд устони Теҳрон кушта шудааст.

Бар асоси ҳолнома, Муҳсин Фахризода соли 1958 таваллуд шудааст. Пеш аз он ки бо ҳукумат кор кунад, ӯ дар Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ хидмат кардааст, пас аз артиш ба ҳайси муаллими физика дар Донишгоҳи Имом Ҳусейн дар Теҳрон кор кардааст.

Тибқи иттилои СММ, Фахризода корманди калони илмии Вазорати дифоъ ва нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ва раҳбари собиқи Маркази таҳқиқоти физика буд. Бар пояи иттилои хадамоти ҷосусии Амрико, ин донишманд дар феҳристи масъулони барномаи ҳастаии Эрон сабт шудааст ва инчунин дар барномаи силоҳи ҳастаии Эрон кор кардааст.

Сафорати Эрон дар Тоҷикистон қатли Мӯҳсин Фахризодаро иқдоми террористӣ донист

Сиёсатшинос Станислав Тарасов дар муколама бо радиои Sputnik қайд кард, ки қатли Фахризодаро аз ҷиҳати аҳамият бо куштори генерал Қосим Сулаймонӣ қобили муқоиса аст.

Лентаи хабарҳо
0