Ҳушдор аз мавҷи дуввуми COVID–19 ва манъи ҳама чорабиниҳои солинавӣ дар Хуҷанд

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкНовогодние елки
Новогодние елки - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд сокинонро аз хатари мавҷи дуввуми коронавирус ҳушдор додааст

ДУШАНБЕ, 7 дек – Sputnik. Ин ниҳод зимни як муроҷиатнома ба сокинон гуфтааст, ҳарчанд ҳолати сироятёбӣ дар шаҳри Хуҷанд кам шуда бошад ҳам, бинобар беэҳтиётӣ ва риоя нагардидани қоидаҳои беҳдоштӣ аз ҷониби шаҳрвандон дигарбора хуруҷи беморӣ ва якбора афзудани он аз эҳтимол дур нест.

Медицинский работник в спецзащите в отделении реанимации и интенсивной терапии - Sputnik Тоҷикистон
Вазорат: ҳозир дар Тоҷикистон 501 нафар гирифтори коронавирусанд

Манбаъ гуфтааст, ҳангоми гирифторӣ ба ин ё он беморӣ ба худтабобаткунӣ машғул нашуда, ҳатман ба табибон муроҷиат кунед.

Аз оилаҳои сироятшуда даъват шудааст, ки дидаву дониста фарзандони худро ба муассисаҳои таълимӣ нафиристанд, ки ба саломатии дигар шаҳрвандон хатар эҷод мекунанд.

Ин ниҳод, бинобар ҷилавгирӣ аз хуруҷи бемории сироятии COVID–19 таҷлили ҳамагуна чорабиниҳои оммавии солинавӣ, аз ҷумла ҷумла ташкили арчаи солинавӣ, чорабиниҳои фарҳангии оммавӣ, нишастҳои ҷашнӣ ва шабнишиниҳоро дар асоси қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус қатъиян манъ кардааст.

Ситоди вилояти Суғд оид ба пешгирии COVID-19 аз захираи маводи доруворӣ таъкид кард

“Ҳарчанд рӯзҳои охир ҳолатҳои сироятёбӣ дар шаҳри Хуҷанд коҳиш ёфта бошад ҳам, он моро хушбин намесозад, зеро дар як қатор кишварҳои Аврупо ва минтақа аз хуруҷи дуюми бемории короновирус бо оқибатҳои вазнин моро хушдор медиҳад, ки ҳушёр бошем ва беаҳамиятӣ ба тавсияҳои Вазорати тандурустӣ ва иҷтимоии аҳолиии Ҷумҳурии Тоҷикистон зоҳир накунем”,-афзудааст, манбаъ.

Таҷлили Соли нав дар Тоҷикистон лағв шуд: арча ҳам намегузоранд

Тибқи қарори охири Ситоди ҷумҳуриявӣ сайру гашти мардум дар боғҳои фарҳангу фароғат, гулгашту хиёбонҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ танҳо бо дарназардошти риояи ҳатмии қоидаҳои гигиенаи шахсиву ҷамъиятӣ, истифодаи ҳатмии ниқобҳои муҳофизатӣ ва риояи қатъии фосилаи иҷтимоӣ дар масофаи байниҳамдигарии аз 1,5 то 2 метр иҷозат дода мешавад.

Лентаи хабарҳо
0