Боздошти мансабдоре дар Кӯшониён барои фурӯши замини боғи фарҳангӣ-фароғатӣ

© Sputnik Конверт с деньгами, архивное фото
Конверт с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Боздоштшуда барои фурӯши замини боғи фарҳанги фароғатии ноҳияи Кушониён муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 7 дек – Sputnik. Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон аз боздошти Ҳурматов Р.Ш. хабар медиҳад, ки дар гирифтани пора муттаҳам мешавад

Взятка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Агенти зидди фасод: раиси ҷамоат ҳангоми гирифтани пора дастгир шуд

Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, Ҳурматов Р.Ш. дар вазифаи раиси Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кушониён кор карда истода, бо истифода аз мақоми хизматӣ даст ба чунин кор задааст.

Манбаъ мегӯяд, номмбурда моҳи марти соли 2019 ба боварии шаҳрванд Толибов А.Р. даромада, аз охирин барои ҷудо намудани 0,03 га. қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳудуди заминҳои боғи фарҳанги фароғатии ноҳияи Кушониён маблағи 25000 сомонӣ талаб карда гирифта тасарруф намудааст.

Боздошти як раиси ҷамоат дар Хатлон бо иттиҳоми фурӯши замин

Гуфта мешавад, ҳоло нисбати Ҳурматов Р.Ш. бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди итмоми тафиши пешакӣ ба суд ирсол карда шудааст.

Боздошти як раиси ҷамоат дар Хатлон бо иттиҳоми фурӯши замин

Ин нахустин боздошти раҳбари ҷамоате бо иттиҳоми заминфурӯшӣ набуда, дар гузашта низ ин ниҳод чунин ҳолатҳоро ошкор карда буд.

 

Лентаи хабарҳо
0