Қаршибоев амалкарди Латвияро нисбати Sputnik ва Baltnews танқид кард

© Sputnik / Амир ИсаевНуриддин Каршибоев, архивное фото
Нуриддин Каршибоев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) амалкарди Латвияро нисбати Sputnik ва Baltnews шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Амалҳои тафтишотӣ нисбати рӯзноманигорон ва муаллифони торномаҳои русии Sputnik ва Baltnews ғайриқонунӣ буда, озодии баёнро поймол мекунанд, гуфт роҳбари Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) Нуриддин Қаршибоев дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон.

Ба гуфти Қаршибоев, дар ин вазъ омили сиёсӣ вуҷуд дорад.

"Фаъолияти рӯзноманигорони мустақили ғайридавлатӣ бо моддаи 19 Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ танзим карда мешавад, ки дар ин соҳа маҳдудиятҳоро пешбинӣ мекунад. Аммо ҷамъоварӣ ва паҳн кардани иттилоот тибқи қонун, сарфи назар аз марзҳои давлатӣ, иҷозат дода мешавад", - таъкид кард ӯ.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 3 декабр Хадамоти амнияти Латвия нисбати хабарнигорони Sputnik Латвия ва Baltnews бозҷӯӣ ва бозпурсӣ доир карда, парвандаи ҷиноӣ оғоз намуд.

Необъявленный пикет против обысков и задержания латвийских журналистов - Sputnik Тоҷикистон
"Ҳамаро зиндонӣ намекунед": эътирози русҳои Латвия алайҳи боздошти хабарнигорон - видео

Шаш рӯзноманигори Латвия, аз ҷумла собиқ сармуҳаррири Baltnews Латвия Андрей Яковлев боздошт, бозпурсӣ ва ба шарти аз кишвар набаромадан ва нигоҳ доштани махфияти бозпурсӣ, раҳо карда шуданд.

ВКХ боздошти хабарнигорони Sputnik ва Baltnews дар Латвияро шадидан маҳкум кард

Ҳамаи боздоштшудагон кормандони ғайриштатии хабаргузорӣ, муаллифон ва хабарнигорон мебошанд, ки дар Baltnews ва Sputnik Латвия мавод нашр кардаанд. Ҳимоятгарони Ожонсӣ барои ҳалли ин масъала талош доранд.

Пештар, Facebook саҳифаи Baltnews-ро баст.

Ожонсии Россия Сегодня амалкарди мақомоти Латвияро нисбати журналистоне, ки барои Sputnik ва Baltnews таълиф мекунанд, нақзи озодии баён медонад.

Ожонсӣ барои вокуниш ба созмонҳои байналмилалӣ ва урупоӣ муроҷиат карданист.

Лентаи хабарҳо
0