ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Олимони бритониёӣ мегӯянд, барои одамоне, ки тӯли 10 соат дар ҷойи худ нишаста кор мекунанд, 30 - 40 дақиқаи сарбории варзишӣ барои ҷуброн кардани камҳаракатӣ кифоя аст. Дар ин бора "Лайфхакер" менависад.
Коршиносон маълумот оид ба саломатии 44 370 иштирокчии санҷишҳои тиббии чор кишварро санҷиданд.
Онҳо муайян карданд, ки дар як рӯз камтар аз як соати машқ кофӣ аст, то хавфи марги бармаҳал то сатҳи одамоне, ки 10 соат дар як мизи корӣ наменишинанд, коҳиш дода шавад.
Олимон таъсири манфии дуркориро ба саломатии инсон муайян карданд
Афзалияти ин тадқиқот дар он аст, ки он ба иттилооти нисбатан беғаразонаи дастгоҳҳо, ба монанди трекерҳои фитнес, ки ҳамаи иштирокчиён мепӯшиданд, асос ёфтааст, на ба суханони онҳо.
"Шумо набояд ба толори варзишӣ равед: агар шумо ба ҷои лифт зинапояро истифода баред, бо кӯдакон ва ҳайвоноти хонагӣ бозӣ кунед, бо йога ё рақс машғул шавед, ба корҳои хона машғуд шаведу бо дучарха сайругашт кунед - худро беҳтар эҳсос хоҳед кард - ин ҳама муҳим аст", - таъкид мекунанд муҳаққиқон.
Онҳо қайд карданд, ки набояд фавран 30-40 дақиқа машқ кард: аз камтарин оғоз кунед ва дар бораи он фикр кунед, ки чӣ тавр шумо метавонед сарбориро бе фосила зиёд кунед.
Ҳатто агар шумо гоҳ-гоҳ аз ҷой бархоста, дар атрофи идора ё манзил сайр кунед, баданатон аз шумо миннатдор хоҳад буд.