ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Дар ноҳияи Рӯдакӣ балони газ таркид, ки дар пай талафоти ҷонӣ дошт, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи мазкур бегоҳи рӯзи 5 декабр дар манзили сокини маҳаллӣ рух дод, ки бар асари таркиш соҳибхона - Алиқул Ҳасанов бистарии беморхона шуда, Бобомурод Ҳаитови 46 - сола ҷон аз даст дод.
Манбаъ меафзояд, барои бартараф кардани пайомадҳои таркиш аз балони газ мутахассисон дар ҷойи ҳодиса фаъолият доранд.
Баъди 2 таркиши газ дар 1 моҳ: қарори нави Эмомалӣ Раҳмон барои бехатарӣ
Солҳои ахир борҳо аз таркиши зарфи газ дар хонаҳои мардум дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ва фавту осеб дидани сокинон гузориш шудааст. Аз ҷумла, моҳи августи соли гузашта дар деҳаи Хумдони ҷамоати деҳоти Қизилқалъаи ноҳияи Хуросон дар натиҷаи кафидани балони газ як зани 22 - сола сӯхт.
Дар Душанбе чаҳор сол боз истифода аз зарфи газ дар манзили сокинон мамнуъ шудааст. Сокинони шаҳри Душанбе мегӯянд, Хадамоти оташнишонӣ онҳоро барои истифодаи зарфҳои газӣ дар хонаҳои баландошёна ҷарима мекунад.