Ҳукми зиндони шаҳрванди Ӯзбекистон барои дуздии қубурҳои оҳанӣ дар Душанбе

© Сомонаи додгоҳи ш.ДушанбеҲукми зиндони шаҳрванди Ӯзбекистон барои дуздии қубурҳои оҳанӣ дар Душанбе
Ҳукми зиндони шаҳрванди Ӯзбекистон барои дуздии қубурҳои оҳанӣ дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди шаҳри Душанбе ҳукми ба шаҳрванди Ӯзбекистон баровардаи суди ноҳиявиро бетағйир боқӣ гузошт

ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Қаблан шаҳрванди Ӯзбекистон Ҳошимхонов Олимхон Орифхон Ӯғлӣ тибқи моддаи 244 (дуздӣ) -и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба 8 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Руки в наручниках. - Sputnik Тоҷикистон
Ҷавони 19-сола барои пинҳон намудани дуздии 10 сомонӣ ва гӯшии бесим мошинро оташ зад

Ин ҷавони 24-сола дар шаҳри Душанбе ба як силсила дуздии қубурҳои металлӣ айбдор карда шуд.

Бино ба иттилоъи маркази матбуотии додгоҳи шаҳри Душанбе, Олимхон Хошимхонов ва ҳамроҳонаш моҳи июни соли равон ҳангоми як дуздии дигар боздошт шуданд.

Гуфта мешавад, онҳо қубурҳои металлиро, ки дар гӯшаҳои гуногуни шаҳри Душанбе гузошта шуда буданду ба корхонаҳо тааллуқ доштанд, дуздидаанд.

Ғоратгарон бо мошини боркаш ба ҷои интихобшуда рафта, қубурҳоро бор кардаву сипас ба нуқтаҳои ҷамъоварии металл месупурдаанд.

Инчунин, дар яке аз ҳолатҳо, ҷинояткорон 5 сутуни оҳанин барои камераҳои назоратии "Шаҳри бекатар"-ро низ рабудаанд, ки арзиши онҳо наздики 113 ҳазор сомонӣ гуфта мешавад.

Дуздии пулу телефон бо таҳдид аз тапончаи кӯдакона: милитсия ду ҷавонро боздошт кард

Зарари расонидаи Олимхон Хошимхонов ва шариконаш ба ширкатҳои сохтмонӣ, ки бо гузоштани қубур машғуланд, беш аз 320 ҳазор сомонӣ ҳисоб шудааст.

Боздошти ду ноболиғи 15 ва 16-сола барои дуздии мошин

Олимхон Хошимхонов ба 8 соли зиндон маҳкум шуд ва Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноии Суди шаҳри Душанбе ин ҳукмро бетағйир гузошт.

Лентаи хабарҳо
0