Bloomberg: Арабистони Саудӣ нархи нафтро барои кишварҳои Осиё гарон кард

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкРабота нефтяных станков - качалок
Работа нефтяных станков - качалок - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қарори гарон кардани нархи нафт дар пасманзари иттилоот оид ба ваксинаи алайҳи коронавирус қабул шудааст

ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Ширкати миллии Арабистони Саудӣ, Saudi Arabian Oil Company аз моҳи январ барои кишварҳои Осиё нархи нафтро боло бардошт, хабар медиҳад Bloomberg.

Бино ба гузориши манбаъ, қарори гарон кардани нархи нафт дар пасманзари иттилоот оид ба ваксинаи алайҳи коронавирус қабул шудааст.

Қайд мешавад, ки Арабистони Саудӣ нархи нафти арабии навъи Arab Light - ро барои як баррел 80 сент афзоиш додааст. Ҳамин тариқ, мукофот 30 сент барои як баррел хоҳад буд. Қаблан интизор мерафт, ки нархи нафт то 65 сент барои як баррел гарон шавад.

Маълум аст, ки тайи се моҳи охир ин ширкати саудӣ ба сабаби коҳиши талабот ба нафт дар пасманзари авҷи мавҷи дуввуми коронавирус, нархи Arab Light -ро коҳиш дода буд.

Нефть - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон тавлиди маҳсулоти нафтиро каму воридоташонро зиёд кардааст

Чин ИМА – ро дар истеҳсоли нафт танг кард: Русия аз ин манфиатдор аст?

Арабистони Саудӣ инчунин нархи нафтро барои манотиқи Баҳри Миёназамин боло бурд, аммо барои Урупои Шимолу Ғарбӣ бетағйир гузошт ва барои ИМА бошад коҳиш дод.

Дастури Усмонзода барои зудтар ба роҳ мондани коркарди нафт дар Данғара

Қаблан ОПЕК + пас аз чанд ҳафтаи музокироти шиддатнок ба тавофуқ расида буд. Дар ин нишаст сенарияе интихоб шуд, ки кайҳо аз ҷониби Русия пешниҳод шуда буд: содиркунандагони нафт тавлидро аз соли нав ботадриҷ дар як моҳ 0,5 миллион баррел афзоиш медиҳанд.

Лентаи хабарҳо
0