ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Созмони Миллии Фазоии Чин (CNSA) рӯзи шанбе тасовире мунташир кард, ки нишон медиҳад, парчами ин кишвар тавассути ковушгари “Chang'e 5”, рӯи кураи моҳ насб шудааст, иттлоъ додааст хабаргузории “Парстудей” дар истинод ба гузориши Синхуа.
Чин ин фазопаймои бидуни сарнишинро бо ин ҳадаф партоб карда, ки намунае аз сангҳои моҳро ба замин мунтақил кунад.
Ин аввалин талоши як кишвар барои овардани намуна аз моҳ аз даҳаи 1970 то кунун аст.
Ин ковушгар ба зуддӣ амалиёти ҳаффории худро оғоз мекунад ва агар ҳама чиз бо муваффақият пеш равад, авохири моҳи ҷорӣ намунаҳоро ба замин хоҳад овард.
Мутахассисон мегӯянд, баррасии намунаҳои хоки кураи моҳ, ки ин ковушгар ҷамъоварӣ мекунад, барои ошноӣ бо таърихи хоки кураи моҳ ва ҳатто фаъолиятҳои офтоб кумаки зиёде хоҳад кард.