Озарбойҷон 10 ноябрро рӯзи пирӯзӣ бар Арманистон эълон кард

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПрезидент Азербайджана Ильхам Алиев
Президент Азербайджана Ильхам Алиев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Озарбойҷон рӯзи 10 ноябрро рӯзи пирӯзӣ ва ғалаба бар Арманистон дар муноқишаи Қарабоғи Кӯҳӣ эълом кард

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев эълом кард аз ин пас ба муносибати пирӯзии ин кишвар бар Арманистон, дар рӯзи 10 ноябр дар Майдони озодии пойтахти Боку ҳар сол ҷашн ва режа баргузор хоҳад шуд, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон.

Президент Азербайджана Ильхам Алиев - Sputnik Тоҷикистон
Алиев гуфт, ки кӯшиши вайрон кардани созишномаи Қарабоғ вуҷуд дорад

Раисҷумҳури Озарбойҷон ҳамчунин 27 сентябр рӯзи оғози амалиёти артиши ин кишвар барои озодсозии манотиқи таҳти ишғоли нерӯҳои арманӣ дар минтақаи Қарабоғро рӯзи гиромидошти ёди шаҳидон номид.

Тавофуқномаи сулҳи Қарабоғ барои оташбаси комил ва рафъи тамоми душманиҳо дар минтақаи Қарабоғ рӯзи 10 ноябр ба имзои Раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев,  нахуст вазири Арманистон Никол Пошинян ва Раиси Ҷумҳурии Русия Владимир Путин расид. 

Бар асоси ин тавофуқ назорати манотиқӣ дар Қарабоғ, ки дар даргириҳои ахири байни низомиёни Арманистон ва Озарбойҷон ба дасти нерӯҳои озарӣ афтод ба Ҷумҳурии Озарбойҷон вогузор мешуд.

Ҳамин тариқ, якчанд шаҳрҳои Қарабоғи Кӯҳӣ, аз ҷумла Шуша, Ҷаброил ва Зангилон аз ишғоли Арманистон озод карда шуданд.

Даври ҷадиди даргириҳо байни Озарбойҷон ва Арманистон дар минтақаи Қарабоғ аз бомдоди якшанбеи 27 сентябри 2020 аз сар гирифта шуд ва куштаву захмӣ шудани ҳазорон нафар аз тарафайнро дар пай дошт.

Лентаи хабарҳо
0