Мард занро фиреб дод: боздошти марди 50-сола барои қаллобӣ

© Sputnik / Амир ИсаевРынок "Саховат" в Душанбе. Архивное фото
Рынок Саховат в Душанбе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки марди 50-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир карда шуд

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ахиран аз сӯи кормандони милитсия як марди 50-сола, ки дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ гумонбар дониста мешавад дастгир карда шуд.

Машина полиции - Sputnik Тоҷикистон
Даъвои ду сокини пойтахт ба пулис: якеро соҳибкор ва дигареро собиқ зиндонӣ фиреб дод

Манбаъ хабар додааст, ки ахиран ба ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи зани 46-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ворид гардид, ки моҳи феврали соли 2020 дар назди бозори "Саховат"-и пойтахт шахси номаълум бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ маҳсулоти сохтмонӣ, 1-адад кати калони гулкорӣ ва 1-адад дарвозаи калонро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Манбаъ илова кардааст, ки зарари расонидашуда 150 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Дар ҳамин ҳол, кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 50-солаи сокини ноҳияи Кӯшониёнро, ки дар  содир намудани ин ҷинояти қаллобӣ гумонбар дониста мешавад, дастгир намуданд.

Гуфта шудааст, ки дар ҳоли ҳозир кормандони милитсияи Тоҷикистон аз рӯи ин ҳодиса тафтишотро идома доранд.

Лентаи хабарҳо
0