Лимитро мебардоранд? дар Бобоҷон Ғафуров зеристгоҳи барқии нав сохтанд

© Sputnik / Алексей Даничев / Гузариш ба медиабонкНа электроподстанции. Архивное фото
На электроподстанции. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сохтмони он бо мақсади ба эътидоловарӣ ва интиқоли сифатноки қувваи барқ ба аҳолӣ оғоз гардида, баробари мавриди истифода қарор гирифтани иншоот мушкилоти кормандони шабакаҳои барқи ноҳия ва аҳолии ҳудуди деҳот бартараф хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 5 дек – Sputnik. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зеристгоҳи барқии нав ба истифода дода мешавад, гузориш медиҳад "Ховар".

Линии электропередачи - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон аз фурӯши барқ ба хориҷ 50,2 миллион доллар гирифт

Бино бар иттилои манбаъ, бо иқдоми соҳибкорони ташаббускор дар деҳаи Рӯмони ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд сохтмони зеристгоҳи барқии нав дар арафаи анҷомёбист.

"Корҳои сохтмони зеристгоҳи барқӣ моҳи августи соли 2020 бо мақсади ба эътидоловарӣ ва интиқоли сифатноки қувваи барқ ба аҳолӣ оғоз гардида, баробари мавриди истифода қарор гирифтани иншоот мушкилоти кормандони шабакаҳои барқи ноҳия ва аҳолии ҳудуди деҳот бартараф хоҳад шуд", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Аз ҷониби масъулини шабакаҳои барқи ноҳия иттилоъ дода шуд, ки иқтидори трансформатори насбшаванда барои камбор гардидани интиқоли қувваи барқи зеристгоҳҳои "Сада", "Деҳқон", "Ленинобод" ва "Сумчак-1", ки дар ҳудуди деҳоти Ҳайдар Усмонов, Унҷӣ ва Дадобой Холматов ҷойгир мебошанд, таъсири мусбат мерасонад ва дар натиҷа сифати интиқоли қувваи барқ дар зеристгоҳҳои номбурда беҳтар мегардад.

Об каму аҳолӣ зиёд шуд: шарҳи муовини сарвазир дар бораи “лимит”-и барқ

Лентаи хабарҳо
0