Ду мулоқоти Амонзода: аз грантҳои хурд барои муҳоҷирин то тағйир дар лоиҳа бо Олмон

© Вазорати меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ТоҷикистонМулоқоти Ширин Амонзода бо намояндагони созмони ҷаҳонии тандурустӣ
Мулоқоти Ширин Амонзода бо намояндагони созмони ҷаҳонии тандурустӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
 Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар як рӯз бо ду раҳбари намояндагиҳои байнулмилаливу хориҷӣ мушкилоти марбут ба муҳоҷирини меҳнатиро ба баррасӣ гирифтааст

 ДУШАНБЕ, 5 дек – Sputnik. Аз шуъбаи ташкилӣ ва матбуоти Раёсати котиботи вазорат ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки рӯзи гузашта, 4 декабр, дар мулоқоти Ширин Амонзода бо Кристина Транка, роҳбари намояндагии Созмони байналмилали муҳоҷират дар Тоҷикистон масъалаҳои шартномаи ҷаҳонии муҳоҷират, пешгирии савдои одамон, кӯмакҳо ба қишрҳои осебпазири аҳолии ҷаҳон ва ҳам таҳияи сиёсати муҳоҷират дар минтақаву ҷаҳонро ба баррасӣ гирифтаанд.

"Пешниҳод шуд, ки Созмони байнулмилалии муҳоҷират барои ҷудо намудани грантҳои хурд, таъсиси ҷойҳои навӣ корӣ, ташкили курсҳои омӯзишӣ ба муҳоҷироне, ки ба ватан баргаштаанд, мусоидат кунад. Масъалаи дигар афзудани зарфиятҳову тахассуси мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятие буд, ки бо тадқиқотҳо рӯи интегратсияи муҳоҷират, муҳоҷирати гендерӣ, тағийри иқлим ва кишоварзӣ дар Тоҷикистон машғуланд, низ аз сӯи ҷонибҳо баррасӣ шуд", - гуфт манбаъ.

Мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Чон Се Гюн  - Sputnik Тоҷикистон
Аз муҳоҷирати корӣ то тиҷорат: сарвазири Корея ба вазири тоҷик чӣ ваъда дод?

Бино ба он, роҳбари намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон аз сиёсатҳои Тоҷикистон дар самти муҳоҷират изҳори назар карда, гуфтааст, ки ниҳодаш аз ин сиёсатҳо пуштибонӣ ва барои амалӣ шудани онҳо мусоидат мекунад.

Дар мулоқоти дуввум вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо Сабине Олтхоф, роҳбари Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ) дар Тоҷикистон масоили татбиқи лоиҳаи нави ин созмон, ки ба беҳбуди вазъи шуғлу даромадҳои муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта дар Тоҷикистон равона шудааст, баррасӣ шуд.

Мақомдорони СААД вазъи муҳоҷират дар пандемияро баррасӣ кардаанд

Як манбаъ дар вазорат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин лоиҳа муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта, бахусус шахсонеро, ки вурудашон ба Русия манъ шудааст, ҳамсарон ва аъзои оилаи онҳоро дарбар мегирад.

"Аммо ҷониби мо бо назардошти хисороти аз вазъи "вируси корона" расида ва вазъи ногувори муҳочирини меҳнатии ба ватан баргашта пешниҳод дорад, ки ба матни Лоиҳа тағйирот ворид шавад, то устувории лоиҳаҳои татбиқшаванда эҳсос шавад. Аз нигоҳи мо, зарурати баргузории семинару тренингҳои беҳисоб нест. Беҳтар аст, ин маблағҳо қисман барои барномарезӣ ва қисман барои сармоягузории бизнесҳои хурду миёнаи муҳоҷирин таъсис ёбанд”, - гуфт манбаъ.

Ширин Амонзода  - Sputnik Тоҷикистон
Хатмкардаи Ҷопон, донандаи 5 забон, стартапери муваффақ: Ширин Амонзода кист?

Ин лоиҳа, ки қарор аст аз сӯи Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ) дар Тоҷикистон пуштибонии молӣ ёбад, 3 сол идома карда, дар шаҳру навоҳии Душанбе, Ваҳдат, Рўдакӣ, Турсунзода, Ҳисор, Ашт, Конибодом, Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ, Спитамен ва Панҷакент пиёда мешавад.

Дар бораи маблағи лоиҳа иттилоъи дақиқ нест, аммо вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ хабар медиҳад, ки ҷонибҳо дар татбиқи лоиҳаи мазкур ба мувофиқа расидаанд.

Лентаи хабарҳо
0