ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Рудобаи Мукаррам, ки то имрӯз вазифаи муовини раисро дар ин кумита иҷро мекард, имрӯз дар асоси дастури раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон интихоб гардидааст.
Ӯ дар ин мансаб Мирзошоҳрух Асрориро иваз намудааст.
Рудобаи Мукаррам кист
Рудобаи Мукаррам дар деҳаи Сардеми ҷамоати деҳоти Ванқалъаи ноҳияи Шуғнони ВМКБ таваллуд шудааст.Соли 1996 мактаби миенаи рақами 45 деҳаи Сардемро бо гувоҳномаи аъло хатм намуд. Соли 2001 Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғро бо ихтисоси филолог- омузгор бо комёбӣ ба итмом расонд.
Фаъолияти нахустини у ба ҳайси Котиби иттилоотии дастгоҳи раиси ноҳия Шуғнон аз соли 2001 оғоз гардида то соли 2006 дар ин вазифа кору фаъолият намуд.
Соли 2006 ба вазифаи Мудири шуъбаи иҷтимоии дастгоҳи раиси ноҳияи Шуғнон интихоб гардид ва то соли 2011 дар ин вазифа кору фаъолият намуд. Соли 2011 бо даъвати президент Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи муовини Раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳеи Тоҷикистон интихоб гардид.
Рудобаи Мукаррам узви иттифоқи нависандагон ва рӯзноманигорони Тоҷикистон, узви Кумитаи марказии ҲХДТ, Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ме бошад.
Муаллифи китобҳои "Афсонаи ишқ" "Дуруди ошно", "Замзамаи равони руд", " Гулреза" ва "Гулвожаи баҳор" мебошад. Дар ҳарафаи ҳимояи рисолаи илмӣ қарор дорад. Муаллифи зиёда аз бист мақолаҳои илмӣ аст. Дорандаи ордени "Шараф" мабошад.
Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон як моҳ баъд аз имзои созишномаи сулҳи тоҷикон дар соли 1997 таъсис ёфта, ташвиқи субот ва ваҳдати миллӣ ҳадафаш гуфта мешуд. Масъулони ин ҳаракати ҷамъиятӣ бар онанд, ки баъд аз истиқрори сулҳ ба миён омадани ин ҳаракати ҷамъиятӣ маҳз ба хотири тақвият бахшидани пояҳои ин созишномаи сулҳ буд. Ҳадаф аз таъсиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ҳамчунин дар зери як чатр ба ҳам овардани тамоми гурӯҳҳои сиёсии кишвар гуфта мешуд.