Абдуллоҳ Абдуллоҳ: мардум хоҳони барқарории оташбас ва аз байн рафтани душманиҳо ҳастанд

© Фото : Dr. AbПремьер-министр Афганистана Абдулла Абдулла
Премьер-министр Афганистана Абдулла Абдулла  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон, иттиҳоди ҳамаи гурӯҳҳо ва ҳизбҳои ин кишварро барои Афғонистон зарурӣ донист

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Абдуллоҳ Абдуллоҳ рӯзи шанбе дар нишасти ифтитоҳияи Кумитаи раҳбарии Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон, ки рӯзи шанбе дар Кохи раёсати ҷумҳурии ин кишвар баргузор шуд, шурӯи кори ин кумитаро барои тақвияти гирдиҳамоии миллӣ дар Афғонистон гоме муассир донист ва гуфт: "барқарории сулҳ дар кишвар бояд омили иттиҳоди ҳамаи афғонҳо бошад ва ба сулҳ набояд нигоҳи манфиатталабона дошт", - иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей" дар истинод ба гузориши Ово.

Абдулла Абдулла  - Sputnik Тоҷикистон
Абдуллоҳ Абдуллоҳ: музокироти сулҳи Афғонистон ба кундӣ пеш меравад

Абдуллоҳ афзудааст, ки имрӯза ҳамаи мардуми кишвар хоҳони барқарории оташбаси саросарӣ ва аз байн рафтани душманиҳо ҳастанд.

Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон ҳамчунин зимни таъкид бар зарурати ҳифзи дастовардҳои мардуми Афғонистон дар тавофуқномаи сулҳ бо гурӯҳи Толибон хотирнишон кард, идомаи ҷанг дар Афғонистон ба нафъи касе нест ва танҳо нобудии кишварро ба дунбол хоҳад дошт.

Нишасти ифтитоҳияи Кумитаи раҳбарии Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон рӯзи шанбе ба раёсати Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба сурати муштарак ифтитоҳ шуд.

Музокироти сулҳи Афғонистон байни давлат ва гурӯҳи Толибон аз 12 сентябри 2020 дар Давҳаи Қатар оғоз шуда ва чанд рӯзи пеш саранҷом ду тараф бар сари дастури кори музокирот тавофуқ карданд.

Лентаи хабарҳо
0