Ҷашнҳои рӯзи 4 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

© © Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария ВишняковаДень 4 декабря
День 4 декабря - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз чоруми декабр, дар Ҳиндустон Рӯзи флоти ҳарбӣ - баҳрӣ ва дар Русия Рӯзи информатика таҷлил карда мешавад

Рӯзи 4 декабр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 2012 дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия ҷадвали баргузории бозиҳои Ҷоми КФО нашр шуда буд.

Соли 1948 Комиссияи иқтисодии СММ оид ба Шарқи Наздик таъсис дода шуд.

День 3 декабря - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 3 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1961 дар шаҳри Маскав маросими кушодашавии Конгресси байналмилалии иттифоқҳои касаба баргузор гардид, ки он то 15 декабр давом кард.

Соли 1974 дар натиҷаи садамаи ҳавопаймо дар Шри-Ланка беш аз 190 нафар ба ҳалокат расиданд.

Соли 1982 Конститутсияи Чин қабул карда шуд.

Соли 1791 дар Англия аввалин шумораи рӯзномаи "Мушоҳид" нашр шуд, ки ҳоло дар ҷаҳон куҳантарин рӯзномаи рӯзи якшанбе мебошад.

Рӯзи 4 декабр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2009 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъятии Тоҷикистон суханронӣ намуда, андешаҳои худро дар бораи вазъи энергетикии мамлакат баён кард.

День 2 декабря - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 2 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2012 Сарвари давлат  Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мастақил ба Туркманистон сафар кард.

Соли 2017  Тоҷикистон дар Рейтинги рушди кишварҳо дар соли 2017, ки аз ҷониби Маркази бритониёии "Институти Legatum" тартиб дода шудааст, мақоми 102-юмро касб намуд.

Соли 2009  дар шаҳри Картахени Колумбия Тоҷикистон ба эъломияи Картахен барои соли 2009 таҳти унвони "Масъулияти давлатҳо барои тоза кардани ҷаҳон аз мина" имзо кард.

Соли 2013 дар шаҳри Душанбе оид ба муҳокимаи ҳисоботи аввалини баҳодиҳии омӯзиши Лоиҳаи минтақавии CASA-1000 вохӯрии машваратӣ баргузор гардид.

Соли 2014 дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе машкилоти асторофизикаи муосирро дар сатҳи байналхалқӣ муҳокима намуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 4 декабр

  • Дар Ҳиндустон – Рӯзи флоти ҳарбӣ-баҳрӣ.
  • Дар Русия – Рӯзи информатика.

Рӯзи 4 декабр дар Тоҷикистон кӣ таваллуд шуд

Солҳои (1887-1957)  – шоир, яке аз асосгузорони шеъри муосири тоҷик Абулқосим Лоҳутӣ, ки соли 1922 аз Эрон ба СССР муҳоҷират карда буд.

Соли 1896 – Нависандаи барҷастаи Русия, Шоири халқии Тоҷикистон Николай Тихонов таваллуд шудааст.

Соли 1947 - собиқ сарвазири Тоҷикистон Яхё Азимов таваллуд шудааст

Соли 1955 – ҳунарманди театр Гулсара Қодирова таваллуд шудааст.

Лентаи хабарҳо
0