ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Файсал ал-Миқдод, вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Ҷумҳурии Арабии Сурия, Зубайдулло Зубайдзодаро ба ҳузур пазируфт.
Манбаъ афзуд, ки мулоқот 3 декабр дар шаҳри Димишқ баргузор шуда, ҷонибҳо баргардондани тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ кардаанд.
"Дар мулоқот масъалаи баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан аз урдугоҳи ал-Ҳавл, густариш ва тақвияти ҳамкориҳо дар арсаҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ гардида, перомуни вазъияти Ховари Миёна табодули афкор сурат гирифт”, - омадааст дар иттилоияи ВУХ.
Сафири тоҷик инчунин номаи табрикии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддинро ба Файсал ал-Миқдод ба муносибати таъйин гардиданаш ба вазифаи вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Сурия супоридааст.