ДУШАНБЕ, 4 дек – Sputnik. Муҳаммадҷавод Зариф, вазири хориҷии Эрон, зимни нишасти маҷозии гуфтугӯҳои Медитарона гуфт, барои он чизе, ки дар тавофуқи ҳастаӣ ба даст оварданд, дубора музокира нахоҳанд кард.
“Урупо ва Амрико бояд ба иҷрои тавофуқи ҳастаӣ тааҳуд дошта бошанд ва Амрико ҳам дар ҷойгоҳе нест, ки бихоҳад шарт бигзорад. Агар тарафҳои Барҷом ба тааҳудоташон амал накунанд, қонуни "иқдоми роҳбурдӣ барои лағви таҳримҳо ва сиёнат аз ҳуқуқи миллати Эрон” иҷро хоҳад шуд",- гузориш дод радиои тоҷикии Садои Хуросон аз қавли вазири умури хориҷаи Эрон.
Манбаъ афзуд, бар асоси қонуни "иқдоми роҳбурдӣ барои лағви таҳримҳо ва сиёнат ё худ ҳифозат аз ҳуқуқи миллати Эрон", ки 9 модда дорад, давлати Эрон муваззаф аст дар сурати иҷро нашудани тааҳудоти кишварҳои тарафи тавофуқи ҳастаӣ, як моҳ пас аз тасвиби ин қонун иҷрои довталабонаи санади протоколи илҳоқиро мутаваққиф кунад.
Протоколҳои илҳоқӣ санадест, ки ба муҷиби он кишварҳои узви МАГАТЭ ба бозрасони агентӣ иҷозаи бозрасӣ аз ҳар маконе, ки зарурӣ бидонанд, медиҳанд.
Сафорати Эрон дар Тоҷикистон қатли Мӯҳсин Фахризодаро иқдоми террористӣ донист
Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин дар вокуниш ба сукути се кишвар - Олмон, Фаронса ва Англия дар қиболи террори доктор Муҳсин Фахризода донишманди ҳастаии Эрон гуфт: "Террори доктор Фахризода як таҷовузи байналмилалӣ аст ва мо ҳанӯз мунтазирем Англия, Фаронса ва Олмон онро маҳкум кунанд".